30 Октябр 2025 - 00:13
Source: Parstoday
Лориҷонӣ: Равобити Эрон ва Покистон метавонад ба сатҳи шарикии роҳбурдӣ бирасад / дастури нақзи оташбаси Ғазза тавассути Натаняҳу

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард: Равобити Эрон ва Покистон метавонад ба сатҳи шарокати роҳбурдӣ иртиқо ёбад.

Алии Лориҷонӣ рӯзи сешанбе дар дидори Саидмуҳсин Нақавӣ, вазири кишвари Покистон, бар аҳаммияти мавқеъияти жиопулитикии Эрону Покистон дар муъодилоти минтақаӣ таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Лориҷонӣ гуфт: Равобити миёни Теҳрону Исломобод зарфияти онро дорад, ки аз сатҳи ҳамкориҳои ҷорӣ, фаротар рафта ва ба сатҳи як шарокати роҳбурдии пойдор иртиқо ёбад.

Маскав: Ғарб ба дунболи таҷзияи Русия аст

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия эълом кард, ки Ғарб ба таври ҷиддӣ дар талош аст, Русияро ба чандин кишвари кучак таҷзия карда ва бар онҳо мусаллат шавад. Вай тасреҳ кард, ки талошҳои Ғарб барои ироаи Русия ба унвони неруҳои ишғолгару истеъморгар маҳкӯм ба шикаст аст.

Мақоми покистонӣ; бояд дар канори фаластиниён бошем на ишғолгарон

Аллома Носир Аббоси Ҷаъфарӣ, раиси оппозисюн дар Маҷлиси Сенои Покистон дар вокуниш ба иддаои як расонаи саҳюнистӣ мабнӣ бар мушорикати эҳтимолии артиши Покистон дар тарҳи ба истилоҳ неруи байналмилалӣ дар Ғазза гуфт: Ин як тарҳи амрикоӣ барои тасбити мавҷӯдияти номашрӯъи Исроил аст, лизо Покистон ба ҷои ишғолгарон бояд дар канори фаластиниён бошад.

Мадуро: Амрико ба дунболи нафт, газ ва тиллои Венесуэл аст

Николас Модуро, раисиҷумҳури Венесуэла таъкид кард, ҳамаи ҷаҳониён медонанд, табақаи иқтисодии ҳоким бар Иёлоти муттаҳида ба дунболи нафт, газ ва тиллои Венесуэл аст. Мавзӯ аслан марбӯт ба қочоқи маводи мухаддир нест ва онҳо инро хуб медонанд. Вай таъкид кард, ки кишвараш дорои бузургтарин захоири нафтии ҷаҳон аст ва ҳеҷ кас наметавонад Венесуэларо аз муъодилаи ҷаҳонии энержӣ хориҷ кунад.

Дастури нақзи оташбаси Ғазза тавассути Натаняҳу

Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки дар рӯзҳои гузашта ба дунболи баҳонае барои ҳамалоти дубора ба Навори Ғазза буд, дар пайи кушта шудани як низомии саҳюнист дар Рафаҳ, дастури нақзи оташбас дар ин борикаро содир кард. Мақомоти режими саҳюнистӣ муддаӣ ҳастанд, ки низомии кушта шуда дар Ғазза тавассути неруҳои муқовимати фаластинӣ ҳадаф қарор гирифта ва ин мавзӯро баҳонае барои ҳамалоти ҳавоӣ ва нақзи оташбас қарор додаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha